Март 21, 2021 22:15 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои “муомилаи қарн”, ки қарор буд авоили тобистони имсол оғоз шавад ба таъхир уфтода аст
    Иҷрои “муомилаи қарн”, ки қарор буд авоили тобистони имсол оғоз шавад ба таъхир уфтода аст

Нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт : Тарҳи илҳоқ(пайваст кардан)и Каронаи бохтарӣ ҳаргиз бидуни мувофиқати раиси ҷумҳӯрии Амрико анҷом нахоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Русия алявм, Бинямин Натаняҳу ба ҷузъиёти бештаре дар ин хусус ишора накард .

   Тарҳи илҳоқи Каронаи бохтарӣ ба унвони бахше аз қарордоди нангини мавсӯм ба “муомилаи қарн” дар давраи Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии пешини Амрико матраҳ шуд, аммо иҷрои он ки қарор буд авоили тобистони имсол оғоз шавад ба таъхир афтодааст .

 Ин тарҳ ба дунболи расмӣ кардани илҳоқи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар бахшҳои Каронаи бохтарии Фаластин ба сарзаминҳои таҳти ишғоли Тел-Авив аст .

   Тибқи охирин баровардҳо  тарҳи мавриди назари саҳюнистҳо 60 дарсад аз заминҳои Каронаи бохтариро шомил мешавад .

 

   Бештар бихонед :

Барчасп