Ҷунбиши Ансоруллоҳ: Ҳуқуқи инсонии яманиҳо қобили чоназанӣ нест
(last modified Wed, 31 Mar 2021 07:52:38 GMT )
Март 31, 2021 12:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши Ансоруллоҳ: Ҳуқуқи инсонии яманиҳо қобили чоназанӣ нест
    Ҷунбиши Ансоруллоҳ: Ҳуқуқи инсонии яманиҳо қобили чоназанӣ нест

Сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман талошҳои эътилофи таҷовузи Арабистони Саудиро барои муомила ва чоназанӣ бар сари парвандаи башардӯстона дар Яман ва иртибот додани он ба парвандаҳои низомӣ ва сиёсиро мардуд донист.

 Ба гузориши ИРНА, «Муҳаммад Абдусалом» раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Наҷоти миллии Яман сешанбешаб дар Твиттӣ навишт, эътилофи мутаҷовизи саъудӣ бо ҳайати музокиракунандаи яманӣ бар сари имрори маош, дору ва озодии нақлу интиқол ва ба номи сулҳ чоназанӣ мекунанд то дар зулм ва ситамашон ба миллати Яман саҳим шаванд.

 Сухангӯи  Ансоруллоҳ таъкид кард, миллати Яман ҳақ дорад ҳамчун дигар миллатҳо аз ҳуқуқи инсонии худ ба таври комил баҳраманд шавад ва ҳуқуқи инсонии яманиҳо қобили чоназанӣ нест. 

Абдусалом рӯзи сешанбе низ эълом кард, иқдоми эътилофи саъудӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди киштиҳои ҳомили фаровардаҳои нафтӣ, маводи ғизоӣ ва пизишкии муҷози эъломшуда аз сӯи Созмони милал ба бандари ал-ҳадида, иқдоми золимона ва муғойири қавонини байналмилалӣ ва нақзи ҳуқуқи машруъи мардуми Яман аст. 

 Сухангӯи  Ансоруллоҳ ин иқдомро дуздии ошкори дарёӣ ва ҷинояти маҳз донист ва таъкид кард, идомаи чунин иқдоме монеи ҳар гуна мақосиди сулҳомез аст. 

  Арабистон ‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед :