Март 31, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Вазорати мудофиаи Яман: Англис мустақиман дар ҷанг алайҳи Яман ширкат дорад
    Вазорати мудофиаи Яман: Англис мустақиман дар ҷанг алайҳи Яман ширкат дорад

Вазорати дифои Давлати Наҷоти Миллии Яман аз нақши мустақими Англия дар таҷовуз алайҳи яманиҳо парда бардошт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии ал-Аҳд, Вазорати дифои Давлати Наҷоти Миллии Яман эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ,  мушорикати майдонии Англис дар таҷовузот алайҳи миллати Яман дар ҷибҳаи шимолиро таҳти назар доранд. 

Мутобиқи ин гузориш, Англис иттилооти марбут ба мушорикати худ дар ҷибҳаҳои шимолиро пинҳон ва талош мекунад монеи расидани ин иттилоот ба расонаҳо шавад, аммо шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки Англис ба шакли мустақим дар ҷанги Яман нақш дошта ва таҷҳизоти низомии эътилофи мутаҷовизи саъудиро идора мекунад. 

Ҳамчунин илова бар хадамоти мусташоре дар ҷибҳаҳои шимолӣ, бахши зиёде аз анвоъи силоҳҳои Арабистон тавассути англисиҳо таъмин мешавад.

Пеш аз ин « Муҳаммад алии Ал-Ҳусӣ », узви шӯроии олии сиёсии Яман низ дар суханоне бо ишора ба нақши мухарриби Англис дар ҷанги Яман гуфт: Англис дар ин таҷовуз шарик аст ва ҳавопаймоҳо ва тими мутахассиси он бо саъӯдӣҳо дар бомбаборони мардуми Яман мушорикат доранд. 

 Оксфам (яке аз бузургтарин созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон барои решакан кардани камбизоатӣ, гуруснагӣ ва беадолатӣ) ахиран ҳукумати Бритониёро дар дароз кардани ҷанг дар Яман бо фурӯши таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла таҷҳизоти сӯзишвории ҳавоӣ ба Арабистони Саудӣ айбдор кард. 
  
 Ҷанги эътилофи саъудӣ алайҳи Яман аз 26 март вориди ҳафтумин сол шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп