Бузургтарин қаллобӣ дар бозори ҳароҷиҳои ҷаҳон аз валиаҳди Саудӣ+филм
Фурӯши гаронтарин тасвири наққошии тақаллубӣ ба Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ бозтоби бисёр густардае дар расонаҳои Фаронса ва ҷаҳон доштааст.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин тасвири маъмулӣ дар бозори ҳароҷии Кристии Ню-Йорк бо рақами нуҷумии 450 миллион доллар ба фурӯш расид, ки пардохти чунин қиммате барои як тасвири наққошӣ дар торихи ҳароҷиҳои ҷаҳон бесобиқа будааст.
Муҳаммад бин Салмон ин тасвирро ба унвони асаре бо арзиш аз наққошии маъруфи италияии Леонардо да Винчи харид, аммо ин наққошӣ дар асл мутааллиқ ба як наққоши гумном ба номи Салвадор Мунди аст.
Вақте Бин Салмон аз мақомоти фаронсавӣ дархост мекунад, то ин тасвирро ба унвони асаре аз Леонардо да Винчи дар музеи Лувр ва дар канори тасвири маъруфи лабханди Жеконд ба намоиш бигузоранд, масъулони музеи Лувр бо огоҳӣ аз ғайривоқеӣ ва тақаллубӣ будани он дасти рад ба синаи валиаҳди Саудӣ заданд.
Бештар бихонед:
-
Муҳаммад Бин Салмон дастури боздошти хонагии падарзанашро содир кард
-
Давлати Амрико Муҳаммад бин Салмонро омили аслии қатли Хошуқҷӣ эълом кард