Талош барои озодии асирон: вазифаи динӣ ва миллии гурӯҳҳои фаластинӣ
-
17 апрел дар тақвими фаластиниҳо рӯзи асир номгузорӣ шудааст
Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе ба муносибати " Рӯзи асир", талош барои озодии асирони фаластинӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистиро вазифае динӣ ва миллӣ эълом кард.
Ба гузориши сомонаи Фаластин Ал Явм, Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар баёнияе ба муносибати рӯзи асири Фаластин ҳамчунин дар баёнияи худ афзӯдааст: «тавтеаҳои душманон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад монеъи ин талош шавад».
Дар ин баёния омадааст: « асирони фаластинӣ беҳтарин солҳои умрашонро ба хотири Фаластин дар зиндон сипарӣ карда ва дар ин роҳи озор ва азият ва шиканҷаи зиёде дида ва аз ибтидоитарин ҳуқуқи худ низ маҳрӯм будаанд, аммо ҳамчунон бар усӯл ва мавозеъи худ собит монда ва азму иродаи онҳо барои истодагӣ дар баробари ишғолгарони қавитар аз гузашта шудааст.»
Рӯзи 17 апрел дар тақвими фаластиниҳо рӯзи асир номгузорӣ шудааст.
Бар асоси баёнияҳои расмии Фаластин, ҳудӯди 4 ҳазору 400 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ маҳбӯсанд, ки 40 нафар аз онҳо зан ва 170 тан кӯдак ҳастанд.
Бештар бихонед:
Асорати 19 хабарнигори фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ