Баргузории дувумин рӯзи нишасти "Бедории исломӣ" дар Бағдод
Дувумин рӯзи нуҳумин давраи нишасти Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии "Бедории исломӣ" дар Бағдод, пойтахти Ироқ оғоз бакор кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ, дувумин рӯзи нуҳумин давраи нишасти Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ, бо суханронии Амор Ҳаким-раиси Маҷлиси аълои исломии Ироқ дар Бағдод, дар ҳоли пайгирӣ аст.
Дар ин нишаст шахсиятҳое аз ҷаҳони Ислом ба таҳлили муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳони Ислом пардохтанд.
Нуҳумин нишасти Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ, рӯзи шанбе дар Бағдод бо ҳузури Алиакбари Вилоятӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ ба муддати ду рӯз оғоз шуд.
Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ ба ибтикори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳудӯди 6 соли пеш ташкил шуд.