Апрел 29, 2021 16:43 Asia/Dushanbe
  • дар ин тазоҳурот таъки д карданд, ки олитарин ҳадафи урдуниҳо, нобудии режими ишғолгар аз тариқи ҳимоят аз тамоми шаклҳои муқовимат аст .
    дар ин тазоҳурот таъки д карданд, ки олитарин ҳадафи урдуниҳо, нобудии режими ишғолгар аз тариқи ҳимоят аз тамоми шаклҳои муқовимат аст .

Ҳамзамон бо ташдиди таҷовузоти саҳюнистҳо дар Қудс, Анҷумани ҷавонони урдунӣ ва ҳамчунин мардум дар ҷануби Лубнони тазоҳуротеро ба нишонаи эъломи ҳамбастагӣ бо Қудс баргузор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаҳрвандони Урдун имрӯз панҷшанбе ба даъвати Анҷумани ҷавонон барои ёрии Қудс дар Аммон- пойтахти ин кишвар ба манзури эъломи ҳамбастагӣ бо Қудс тазоҳурот карданд .

    Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот таъки д карданд, ки олитарин ҳадафи урдуниҳо, нобудии режими ишғолгар аз тариқи ҳимоят аз тамоми шаклҳои муқовимат аст .

  Айман  ал-Сафадӣ- вазири хориҷаи Урдун низ пештар гуфта буд, ки ҳамалоти нажодпарастона алайҳи бахши қадимии Қудси ишғолиро маҳкум карда ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор медиҳем.

 Ҳамчунин сокинони урдугоҳҳои оворагон дар шаҳри Сувар- воқеъ дар ҷануби Лубнон низ дар ҳимоят аз Қудс тазоҳурот карданд .

    Аҳолии урдугоҳи Албариҷи шимолӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ ва кумитаҳои мардумӣ муқобили масҷиди Алмахим таҷаммуъ карда, сипас бо роҳпаймоӣ дар кӯчаҳои урдугоҳ шиорҳое дар ҳимоят аз Қудс ва интифоза сар доданд .

    Аз сӯи дигар нерӯҳои ишғолгари Исроил бори дигар ба фаластиниёне, ки дар Бобулъомуд таҷаммуъ карда буданд ,ҳамла карда ва онҳоро мавриди зарбу лат қарор доданд .

 

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп