Май 03, 2021 14:48 Asia/Dushanbe
  • Дар ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи Яман беш аз 80 дарсад аз таъсисоти зербиноии ин кишвар аз байн рафтааст
    Дар ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи Яман беш аз 80 дарсад аз таъсисоти зербиноии ин кишвар аз байн рафтааст

Ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман, қурбониёни зиёде доштааст, аммо оморҳо нишон медиҳад, коргарон қурбониёни аслии ин ҷанг буданд.

74 моҳ аз ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман мегузарад. Ин ҷанг дар шароите оғоз шуд, ки Яман фақиртарин кишвари арабии минтақаи ғарби Осиё буд.

Аз байн рафтани асосу бунёди зиндагии мардуми фақири ин кишварро метавон муҳимтарин бурундоди ҷанг унвон кард.

Иттиҳоди коргарии Яман ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коргар дар гузорише яке аз табаоти муҳими ҷанги эътилофи Саудиро кушта шудани 10 ҳазору 900 коргар ва захмӣ шудани 19 ҳазору 500 коргари яманӣ унвон кард.

Ҳамалоти эътилофи Саудӣ ва муҳосира алайҳи Яман нархи бекорӣ дар ин кишварро ба 65 дарсад расонда дар ҳоле, ки хати фақр ҳам ба 80 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар воқеъ, паёмади ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман, таҳмили шароити фоҷеабор бар мардуми ин кишвар аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият аст, ки Созмони милали муттаҳид борҳо эълом кард, Яман бо бузургтарин фоҷеаи башарии қарни 21 мувоҷеҳ шудааст.

Марк Лукок, масъули имдодрасонии Созмони милали муттаҳид феврали 2021 дар гузорише эълом кард, наздик ба 80 дарсад аз мардуми Яман ба кумакҳои ғизоӣ ниёз доранд ва 400 ҳазор кӯдаки зери 5 сол аз сӯитағзияи шадид ранҷ мебаранд.

Лукок гуфт: “Яман пеш аз ҷанг, кишваре фақиру даргир бо мушкили сӯитағзияи ва гуруснагӣ буд, аммо иқтисоди ин кишвар фаъол буд ва давлат ба шумори зиёде аз мардум хадамот ироа мекард. Акнун ҷанг то ҳудуди зиёде ҳамачизро нобуд кардааст. Буҳрони ғизоӣ дар Яман шадидтарин қаҳтии инсонии даҳаҳои гузашта дар ҷаҳон аст”.

Қишри коргару хонаводаҳои онҳо беш аз соири ақшор осеб дидаанд ва бузургтарин қурбониёни ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман ҳастанд.

Бештар бихонед:

​​​​​​

Барчасп