Май 06, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Аҳмад Абуҳалбия-раиси комиссиюни маҷлиси қонунгузории Фаластин
    Аҳмад Абуҳалбия-раиси комиссиюни маҷлиси қонунгузории Фаластин

Раиси комиссиюни порлумони Фаластин дар бораи таҳаррукоти режими саҳюнистӣ бо ҳадафи беҳурматӣ ба Масҷидулақсо ҳушдор дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Аҳмад Абуҳалбия-раиси комиссиюни маҷлиси қонунгузории Фаластин гуфт : Саҳюнистҳо дар назар доранд душанбеи ҳафтаи оянда, ки мусодиф бо бисту ҳаштуми моҳи мубораки рамазон дар Фаластини ишғолӣ аст, ба муносибати солрӯзи иди Фесаҳ(пок)и яҳудиён ба Масҷидулақсо юриши бурда ва ба он беэҳтиромӣ намоянд .

  Абуҳалбия аз гурӯҳҳои муқовимат хост, то дар хусӯси Қудси шариф ба нақши хеш, беш аз пеш амал намуда ва бо анҷоми амалиётҳои гуногун ба муқовимат дар баробари нерӯҳои ишғолгар бархезанд .

Ин мақоми фаластинӣ дар бора оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ низ гуфт: Созиши ин кишварҳои хоин ба ҷурму ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи аҳолии Байтулмуқаддас машрӯъият мебахшад ва онҳоро ба идомаи иқдомоти ишғолгаронаи худ ташвиқ мекунад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( р )- бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст .

Роҳпаймоии « рӯзи ҷаҳонии Қудс » имсол ҷумъа 7 майи 2021 дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп