Май 07, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Ҷумбиши ҲАМОС ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Баёнияи Ҷумбиши ҲАМОС ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин - ҲАМОС - дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс аз тамоми фаластиниён ва уммати исломӣ хост барои дифо аз Қудс ва Масҷидулақсо ба по хезанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Фаластин  ал-Явм, Ҷумбиши Ҳамос  рӯзи ҷумъа дар ин баёния эълом кард: «Набард бо режими саҳюнистӣ дар маҳаллаи Шайх  Ҷарроҳ, Бобуломуд ва  атрофҳои Масҷидулақсо ҳамчунон идома дорад.» 

Ҳамос дар баёнияи худ миллати Фаластин дар ҳар маконе, ба вижа дар Каронаи Бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолӣ 1948-ро ба ҳузури густарда дар атрофи Масҷидулақсо дар шаби Қадр ( шаби 27 рамазон ) ва эътикоф дар он то субҳи рӯзи иди Фитр даъват кард. 

Ҳамос ҳамчунин аз фаластиниҳои навори Ғазза даъват кард дар айёми боқимонда аз моҳи мубораки Рамазон  эъломи басиҷи умумӣ кунад то ба душмани ғосиб бифаҳмонад, ки муқовимат бо тамоми  қудрат ва имконоте, ки дорад ҳамчун деже муҳкам барои дифо аз Қудси Шариф ва Масҷидулақсо истодааст. 

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом  Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон  Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп