Афзоиши сомонаҳои зиддимушакии режими саҳюнистӣ аз бими интиқоми муқовимат
(last modified Mon, 10 May 2021 12:47:18 GMT )
Май 10, 2021 17:47 Asia/Dushanbe
  • Тарси асосии режими саҳюнистӣ аз он иборат аст, ки ҳаракати Ҳамос аз Навори Ғазза мушак шиллик мекунад
    Тарси асосии режими саҳюнистӣ аз он иборат аст, ки ҳаракати Ҳамос аз Навори Ғазза мушак шиллик мекунад

Режими саҳюнистӣ аз бими ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовимати Фаластин, теъдоди сомонаи зиддимушакии "Гунбади оҳанин"-и худро дар ҷануби Фаластини ишғолӣ афзоиш дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи «Ҳоортс»"; бо ташдиди нооромӣ дар Қудси ишғолӣ, тарси аслии режими саҳюнистӣ аз ин аст ки Ҷумбиши Ҳамос, иқдом ба партоби мушак аз навори Ғазза кунад. 

Низомиёни саҳюнист ҳамчунин аз тарси амалиёт ва даргириҳои густарда дар Каронаи Бохтарӣ, давраҳои омӯзишии худро лағв карданд. 

Рӯзи гузашта аз навори Ғазза, як мушак ба самти ҷануби Фаластини ишғолӣ партоб шуд, ки ба як минтақаи ғайримаскунӣ исобат кард.

Саҳюнистҳо низ як минтақа дар ҷануби навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд. 

Ин дарҳолест, ки саҳнҳои Масҷид-ул-Ақсо ва маҳаллаҳои ҳамҷавори он дар рӯзҳои ахир  саҳнаи ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба фаластиниён ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз онҳо будааст.

 

Бештар бихонед: