Партоби 150 мушак аз Борикаи Ғазза ба сарзаминҳои ишғолӣ
Манобеъи хабарӣ мегӯянд, ки дар чанд соати гузашта аз навори Ғазза ба қаламравҳои ишғолии Фаластин 150 мушак партоб шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алҷазира, артиши режими саҳюнистӣ таъйид кардааст, ки бомдоди сешанбе 150 фарванди мушак аз Борикаи Ғазза ба шаҳракҳои саҳюнистии ҳаммарз бо Ғазза дар Фаластини ишғолӣ партоб шуд ва сомонаи зиддимушакии ин режим тавонист шуморе аз ин мушакҳоро раҳгирӣ ва мунҳадим кунад.
Радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард: Мақомҳои саҳюнистӣ паноҳгоҳҳои умумии шаҳрҳоро аз тарси ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовимати Фаластин гушуданд.
Нахуствазири режими саҳюнистӣ «Бенямин Натаняҳу » низ гуфтааст, ки даргириҳои феълӣ мумкин аст муддате идома дошта бошад.
Аз сӯи дигар Ҳилоли Аҳмари Фаластин аз захмӣ шудани садҳо фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ хабар дод.
Шаби душанбе чандин тазоҳурот дар бархе аз шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ дар ҳимоят аз Қудс ва мардуми Ғазза баргузор шуд, ки бо ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба хушунат кашида шуд ва дар ин даргириҳо 714 фаластинӣ захмӣ шуданд.
Пас аз ҳамлаи мушакии муқовимати Фаластин ба шаҳракҳои саҳюнистнишин, низомиёни саҳюнистӣ ҳамалоти худро ба фаластиниёни атрофи Масҷид-ул-Ақсо ва маҳаллаи Шайхи ҷарроҳи ташдид ва онҳоро латкӯб карданд.
Бештар бихонед: