Табдили сарзаминҳои ишғолӣ ба сарзамини арвоҳ
(last modified Fri, 14 May 2021 11:02:05 GMT )
Май 14, 2021 16:02 Asia/Dushanbe
  • Табдили сарзаминҳои ишғолӣ ба сарзамини арвоҳ
    Табдили сарзаминҳои ишғолӣ ба сарзамини арвоҳ

Саҳюнистҳо ин рӯзҳо аз бими посухи мушакии муқовимати Фаластин дар пойгоҳҳо ба сар мебаранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; канали хабарии " Собирин "-и Ироқ бо пахши тасовире аз маконҳои холӣ ва таътил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин эълом кард: Бештари манотиқ дар сарзаминҳои ишғолӣ ба сарзамини арвоҳ табдил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол манобеи саҳюнисти рӯзи панҷшанбе эълом карданд 70 дарсади саҳюнистҳо дар паноҳгоҳҳо ҳузур доранд. 

Муқовимати Фаластин дар Борикаи Ғазза дар рӯзҳои ахир дар посух ба ҳамалоту таҷовузоти режими саҳюнистӣ, садҳо фарванди мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб кардааст. 

Дар ҳоле, ки доманаи эътирози фаластиниҳо ба тарҳҳои режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудс ва иқдомоти таҳрикомези саҳюнистҳо, аз ҷумла  иқдом барои тасоҳуби маҳаллаи " Шайх Ҷарроҳ " ва ихроҷи фаластиниҳо аз он афзоиш ёфтааст, бар шиддати ҳамалот ва даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниёни мӯътариз низ афзуда шудааст.

 

Бештар бихонед: