Даври тозаи ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовимат ба режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 15 May 2021 03:39:20 GMT )
Май 15, 2021 08:39 Asia/Dushanbe
  • Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳудӯди 2 ҳазор ракетро раҳгирӣ кардааст
    Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳудӯди 2 ҳазор ракетро раҳгирӣ кардааст

Расонаҳо аз даври тозаи ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовимат аз Навори Ғазза ба манотиқӣ дар Фаластини ишғолӣ, аз ҷумла Тел Авив хабар доданд.

Ба гузориши радиои ИРНА, гурдонҳои Ал Қудс, шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом кард, ки шаҳри Тел Авивро бо чанд ракет ҳадаф қарор додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа эълом кард, ки аз оғози ҳамалоташ ба Ғазза, ҳудӯди 2 ҳазор ракетро раҳгирӣ кардааст.

Бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза, аз душанбеи гузашта токунӯн бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза 122 тан, аз ҷумла 31 кӯдак 20 зан шаҳид ва беш аз 900 тан захмӣ шудаанд.

Қудси ишғолӣ ва бархе дигар аз шаҳрҳои Фаластин аз моҳи мубораки Рамазон шоҳиди даргирии низомиёни саҳюнист бо тазоҳуркунандагону намозгузорони фаластинӣ аст ва аз рӯзи душанбе ва пас аз поёни муҳлати гурӯҳҳои муқовимат ба Тел Авив мабнӣ бар лузӯми поёни таҷовузоти ин режим дар Қудс ва Масҷид ул Ақсо, шиддати бештаре пайдо кардааст.

Бештар бихонед: