Идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза; 300 ҳамла дар 24 соъат
Салома Маъруф-раиси дафтари итилоърасонии давлатӣ дар борикаи Ғазза шанбешаб эълом кард : Ҷангандаҳо ва қисми тупхонаи режими саҳюнистӣ дар 24 соъати гузашта 300 бор манотиқи мухталифи борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Салома Маъруф бо баёни ин ки дар ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд, афзуд : Ҳамлаҳои Исроил хисорати моддии зиёдеро низ ба таъсисоти зербиноӣ ва хонаҳову заминҳои кишоварзии фаластиниҳо ворид кардааст .
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳам эълом кард : Дар даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ки аз душанбеи гузашта то кунун идома доштааст, дастикам 139 фаластинӣ аз ҷумла 39 кӯдак шаҳид ва беш аз 950 нафар низ захмӣ шудаанд .
Саҳнҳои Масҷидулақсо ва маҳаллаҳои ҳамҷавори он ҳам дар рӯзҳои ахир саҳнаи ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба фаластиниён будааст ва дар ин ҳамлаҳо дастикам 900 нафар захмӣ шудаанд .
Аҳолии Қудс таъкид кардаанд иҷоза намедиҳанд Исроил барномаи яҳудисозии Қудс ва тақсими замонӣ ва маконии Масҷидулақсоро пеш бибарад .
Бештар бихонед :