Май 17, 2021 20:56 Asia/Dushanbe
  • Вазорати корҳои хориҷии Фаластин: Режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо бомбаҳои фосфорӣ истифода мекунад
    Вазорати корҳои хориҷии Фаластин: Режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо бомбаҳои фосфорӣ истифода мекунад

Вазорати хориҷаи Фаластин зимни интиқод аз коршиносиҳои Амрико дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи Фаластин эълом кард: Режими саҳюнистӣ муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шуда ва ҳатто аз бомбаҳои фосфорӣ алаёҳи мардуми навори Ғазза истифода кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар пайи шикасти сеюмин нишасти маҷозии Шӯроии Амнияти Созмони Милал дар бора таҳаввулоти Фаластин ва Ғазза, Вазорати хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин  рӯзи душанбе дар баёнияе, мавзеи Амрико дар шӯрои  амниятро, ки бар хилофи шиорҳои сиёсии «Ҷо Байден», раиси ҷумҳурии ин кишвар аст, маҳкум кард. 

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Фаластин омадааст: Мақомоти масъули Шӯроии амният ба худ иҷоза медиҳанд, ки иқдомоти режими Исроил ба унвони як қудрати ишғолгарро дифо аз худ биноманд ва оё ҷиноятҳои ваҳшатнок, куштори кӯдакон ва тахриби манозил бар рӯи сокинони бедифои он дифо аз худ аст? 

Вазорати хориҷаи Фаластин дар идома  ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ, Қудс ва Навори Ғаззаро ба шиддат маҳкум кард ва афзуд: Режими саҳюнистӣ аз анвоъи силоҳҳои пешрафта  алайҳи Ғазза, аз ҷумла  бомбаҳои фосфорӣ истифода кардааст. 

Даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аз душанбе ( 10 май ) ва пас аз поёни муҳлати муқовимат ба Тел-Авив мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти ин режим дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шудааст, ки дар ин даргириҳо токунун 218 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 5 ҳазору 600 нафар маҷрӯҳ шудаанддаанд. 


  
  Бештар бихонед:

Барчасп