Охирин омори ҷанги 11 рӯзаи Ғазза / Афзоиши шумори шаҳидон ба 243 нафар
(last modified 2021-05-21T11:55:11+00:00 )
Май 21, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори ҷанги 11 рӯзаи Ғазза / Афзоиши шумори шаҳидон ба 243 нафар
    Охирин омори ҷанги 11 рӯзаи Ғазза / Афзоиши шумори шаҳидон ба 243 нафар

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза, ҷадидтарин омори марбут ба шумори шаҳидон ва маҷрӯҳони Ғазза дар ҷанги 11 рӯзаро эълом кард.

 Бар асоси гузориши хабаргузории фаластинии Шаҳоб, Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза рӯзи ҷумъа тайи баёнияе эълом кард, ки шумори шуҳадои Ғазза ба 243 тан расидааст, ки аз ин теъдод, 66 нафар кӯдак, 39 нафар зан ва 17 нафари дигар афроди солхӯрда ҳастанд. 

Тибқи ин баёния, шумори маҷрӯҳони таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба бахшҳои мухталифе аз Навори Ғазза низ ба 1910 нафар расидааст.

 Ҳамзамон бо ин гузориш, шабакаи ал-Маёдин низ гузориш дод, ки пайкари 9 шаҳид, аз ҷумла  як духтарбача, имрӯз аз зери оворҳо дар Навори Ғазза берун кашида шудааст. 

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид ( ЮНИСЕФ ) низ эълом кард дар асари ин ҷанг  ҳудуди 107 ҳазор нафар  маҷбур ба фирор аз хонаҳояшон шудаанд.

ЮНИСЕФ ҳамчунин унвон кард дасти кам ба 50 таъсисоти омӯзишӣ ва 20 таъсисоти беҳдоштӣ хисорат ворид шуда ва ҳудуди панҷоҳ  дарсад аз хутути об  осеб дидааст.

Ҷанги Исроил ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10  май оғоз шуд ва имрӯз  21 май низ тарафайн бо миёнаравии бархе бозигарони хориҷӣ бо эҷоди оташбас мувофиқат карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп