Стратегияи террор; сиёсати бунёдии Исроил
Бенни Гантс - вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар изҳори назари ошкоре сарони ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос )-ро ба террор таҳдид кард .
Истифода аз террор аз ҳамон замони эъломи мавҷудияти режими саҳюнистӣ анҷом шуд . Танҳо чанд моҳ аз эъломи мавҷудияти режими саҳюнистӣ гузашта буд, ки террорҳо дар ин режим калид хурд; ҳангоме ки гуруҳҳои саҳюнистӣ Фолкеи Бернадоттеи-дипломати аршади швед ва миёнҷии Созмони Миллали Муттаҳид байни арабҳо ва Исроилро террор карданд . Бернадоттеи эдеяҳое барои сулҳ ироа дода буд, ки аз ҷумлаи он поён додан ба муҳоҷирати яҳудиён ба сарзаминҳои Фаластин ва боқӣ мондани Байтулмуқаддас таҳти ҳокимияти арабӣ буд .
Режими саҳюнистӣ аз даҳаи 1950 сиёсати террору тасфияро ба унвони як докторинаи собити худ пайгирӣ карда бидуни инки ба паёмадҳои сиёсӣ ва қонунии ин иқдоми зиддиинсонӣ тавваҷуҳ кунад . Ронин Бригман-рӯзноманигори ҳавзаи амниятӣ-низомии Исроил китобе таҳти унвони « Бархез ва аввал бикуш »-ро дар соли 2018 мунташир кард . Дар ин китоб оварда, ки Исроил дар тӯли ҳаёти 70 солаи худ 2700 амалиёти террорро анҷом додааст . Нвом Чамскӣ-мутафаккир ва забоншиноси амрикоӣ низ ахиран таъкид кард, стратегияи « террор » сиёсати бунёдии Исроил аст .
Акнун Бенни Гантс-вазири ҷанги Исроил таҳдид кард Яҳё Ассинвор-раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар борикаи Ғазза ва Муҳаммад Аззайф - фармондеҳи гурдонҳои Алқассом ( шохаи низомии Ҳамос ) ҳамчунон аз аҳдофи ин режим барои террор ҳастанд . Ин изҳориназри алании Гантс дорои чанд матлаби муҳим аст .
Матлаби аввал ин аст, ки режими саҳюнистӣ замонӣ ки дар ҷанги рӯ ба рӯ бо шикаст мувоҷеҳ мешавад ба террор рӯй меоварад, ки яке аз шармовартарину касифтарин иқдомҳо аст . Акнун ки режими саҳюнистӣ дар ҷанги 11 рӯза бо шикаст мувоҷеҳ шуд ,террори фармондеҳони Ҳамосро дар дастури кор қарор дод то ба пиндори худ бо шаҳодати ин фармондеҳон ба лиҳози инсонӣ ва таҷрибӣ, ин гурӯҳро бо мушкил мувоҷеҳ кунад . Ин дар ҳоле аст, ки Ҳамосу дигари гурӯҳҳои муқовимат борҳо собит кардаанд, ки бо шаҳодати фармондеҳонашон азма шон барои муқовимат ва ворид кардани зарба ба Исроил тақвият мешавад . Қудрати мушакӣ, ки муқовимати Фаластин дар ҷанги 11 рӯза нишон дод, натиҷаи шаҳодати фармондеҳони муқовимат аст .
Матлаби дувум ин аст, ки вазири ҷанги режими Исроил таҳдид ба террори фармондеҳони Ҳамосро ба таври аланӣ баён кардааст . Ба иборати дигар Исроил ҳеч таваҷҷӯҳе ба ҳуқуқи байналмиллал ва ниҳодҳои байналмиллалӣ надорад, зеро пас аз террорҳое, ки пеш аз ин анҷом дод, низоми ҷаҳонӣ ҳеч иқдоме алайҳи Исроил анҷом надод . Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри Туркия ҷумъаи гузашта баъд аз барқарории оташбас миёни Исроил ва муқовимати Фаластин гуфт: Исроил як режими ишғолгар ва террорист аст ва вақти он расида, ки ҷаҳон чашми худро ба рӯйи ин ҳақиқат боз кунад.
Матлаби сеюм ин аст, ки таҳдид ба террор сабаби ҳароси фармондеҳони муқовимат нашудааст, балки онҳо аз шаҳодат истиқбол мекунанд, зеро шаҳодат реша дар арзишҳои мазҳабии дини мубини ислом дорад . Бар ин асос дар ҳоле, ки Бенни Гантс раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар борикаи Ғаззаро ба террор таҳдид кард, Яҳё Ассинвор рӯзи шанбе дар хиёбонҳои Ғазза ҳозир шуда ва дар аввалин иқдом ба манзили шаҳид Басми Исо-аз фармондеҳони шаҳиди гурдонҳои Алқассом рафт .
Бештар бихонед :
-
Чаро гурӯҳҳои фаластинӣ бар идомаи муқовимат таъкид мекунанд?
-
Бехонумонии 50 ҳазор фаластинӣ дар бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ
-
Гуфтугӯи телефонии Ан-Нахола ва Ҳания дар мавриди пирӯзии муқовимат