Май 25, 2021 09:10 Asia/Dushanbe
  • Заиф кардани Ҳамос барои пешгирӣ аз истеҳсоли силоҳ ва расидани силоҳ ба ин гурӯҳ яке аз ин шартҳост
    Заиф кардани Ҳамос барои пешгирӣ аз истеҳсоли силоҳ ва расидани силоҳ ба ин гурӯҳ яке аз ин шартҳост

Вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ дар тамоси телефонӣ бо вазирони хориҷаи кишварҳои мухталиф, вуруди кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғаззаро ба таҳаққуқи 4 шарт машрут кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Ерусалим пост, вазири хориҷаи режими Исроил «Габӣ Ашкеназӣ» дар рӯзҳои ахир дар тамос бо вазирони хориҷаи Амрико, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн  чаҳор шартро барои додани муҷаввизи вуруди кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза матраҳ кард. 

Тазъифи ҲАМОС барои ҷилавгирӣ аз сохти таслеҳоти ва расидани таслеҳот ба ин гурӯҳ  яке аз ин шартҳост. 

Вай ҳамчунин эълом кард бозсозии Ғазза бояд таҳти назорати дақиқи байналмилалӣ ва даври нигоҳи доштани кумакҳо аз  ҲАМОС анҷом шавад. 

Ашкеназӣ дар айн ҳол гуфт исроилиҳое, ки ҲАМОС боздошт кардааст ва аҷсоди низомиёни кушташуда дар ҷангҳои Ғазза бояд ба Исроил бозгардонда шавад. 

Вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ таъкид кард тамоми чаҳор шарти фавқ бояд риоят ва комилан иҷро шаванд то Тел-Авив иҷозаи вуруди кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба Борикаи Ғаззаро бидиҳад.

Шарт гузоштани саҳюнистҳо барои вуруди кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза дар ҳолест, ки Шӯроии амнияти созмони милал дар аввалин баёнияи баъд аз даргириҳои режими саҳюнистӣ бо гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, зимни таъкид бар лузуми иҷроии комили оташбас, хостори кумакҳои фаврии башардӯстона ба Навори Ғазза шуд. 

 

Бештар бихонед:

    

Барчасп