Натаняҳу бешармиро аз ҳад гузаронд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i67820-Натаняҳу_бешармиро_аз_ҳад_гузаронд
Тасвиби қатъномаи зиддиисроилӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вокуниши тунди нахуствазири режими саҳюнистиро дар пай дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 28, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Натаняҳу ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми Ғаззаро қонунӣ номид
    Натаняҳу ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми Ғаззаро қонунӣ номид

Тасвиби қатъномаи зиддиисроилӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вокуниши тунди нахуствазири режими саҳюнистиро дар пай дошт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз торнамои  шабакаи хабарии Ал-Олам,  Бинямин Натаняҳу бомдоди рӯзи ҷумъа  раъйи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба қатъномаи зидиисроилиро " шармовар " хонд ва муддаӣ шуд, ки ҳамла ба Навори Ғазза ва куштори кӯдакон ва занони фаластинӣ, машрӯъ ва қонунӣ будааст. 

Бар асоси ин гузориш, вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ низ бо радди қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, таъкид кард Тел-Авив бо таҳқиқоти ин шӯро ва дигар  созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ нахоҳад кард. 

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид  панҷшанбешаб ба оғози таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар даргирии 11 рӯзаи ахир  миёни ин режим ва гурӯҳҳои муқовимат  раъйи мусбат дод. 

Покистон ба намояндагӣ аз Созмони Ҳамкории Исломӣ ва ташкилоти худгардони Фаластин  хостори баргузории нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шуда буд. 

 
Бештар бихонед: