Май 30, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ беш аз 200 фаластиниро маҷбур кардааст, то хонаи худро тарк кунанд
    Режими саҳюнистӣ беш аз 200 фаластиниро маҷбур кардааст, то хонаи худро тарк кунанд

Созмони афви байналмиллал эълом кард : Тарҳҳои режими саҳюнистӣ дар бораи кӯчи иҷбории фаластиниён намунаи ҷинояти ҷангӣ аст

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Алқудси-аларабӣ, Созмони афви байналмиллал эълом кард : Тарҳҳои режими саҳюнистӣ барои иҷрои амалиёти « тахлияи иҷбории » хонаҳои фаластиниён намунаи дигаре аз сиёсати ҷинояткоронаи Исроил дар муҳоҷирати иҷбории онон аст .

Солеҳ Алҳиҷозӣ-муовини мудири дафтари минтақаи Ховари миёна ва шимоли Африқои Созмони афви байналмиллал гуфт : Идомаи иқдомот барои ба ҷараён андохтани ин парванда дар додгоҳ баъд аз эътирозҳо ба амалиёти тахлияи иҷбории хонаҳои минтақаи Шайх Ҷарроҳ дар Қудс идома дорад, аммо Исроил оташи хушунатро шуълавартар кардааст ва таҷовузҳои созмонёфта алайҳи ҳуқуқи башари Фаластинро пиёда мекунад .

Вай афзуд : Режими саҳюнистӣ аз чанд соли пеш бо тавсеъаи ғайриқонунии шаҳракҳо беш аз 200 фаластиниро маҷбур кардааст, то хонаи худро тарк кунанд .

Муовини мудири дафтари минтақаии минтақаи Ховари миёна ва шимоли Африқои Созмони афви байналмиллал изофа кард : Эътирозҳои ахир чӣ дар дохил ва чӣ дар сатҳи байналмиллалӣ алайҳи амалиёти « тахлияи иҷборӣ » дар минтақаи Шайх Ҷарроҳ ошкоро ин паёмро мерасонад, ки амалиёти мусодираи арозӣ ки Исроил ба он иқдом мекунад бепосух нахоҳанд монад ва сарони Исроил бояд ҳарчӣ сариътар раванди тахлияи иҷбории хонаҳои фаластиниҳоро мутаваққиф кунанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп