Июн 02, 2021 13:18 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои ибрӣ: дар хости кумаки як миллиарддолларии режими саҳюнистӣ аз Амрико

Расонаҳои ибрӣ забон гузориш карданд, режими саҳюнистӣ пас аз шикасти ахир дар ҷанги Ғазза, бо ҳадафи навсозии сомонаи" Гунбади оҳанин" қасди дархости кумаки изтирорӣ ба арзиши як миллиарддоллар аз Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро дорад.

Шабакаи ибризабони “Кон” гузориш кард, Бенни Гантс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ин тақозои Тел Авивро имрӯз чаҳоршанбе дар сафари барномарезӣ шудаи худ ба Вашингтон мунтақил хоҳад кард.

Гантс қарор аст, дар ин сафар бо Lloyd Austin (Ллойд Остин), вазири дифои Амрико ва Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ин кишвар дидор кунад.

Ин шабака ба нақл аз як манбаи ношинос эълом кард, дар ин дидор дар бораи таҷдиди мавҷӯдии мӯшакҳои раҳгири «Томр», ки дар артиши режими  Исроил алайҳи мӯшакҳои миёнбурд ва кӯтоҳбурд истифода мешавад низ гуфтугӯ хоҳад шуд.

Ин дархост танҳо ду ҳафта пас аз он матраҳ мешавад, ки давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрикои фурӯши аслиҳа ба арзиши 735 миллиондоллар ба Исроилро тасвиб кард.

Артиши режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги 12 рӯзаи Ғазза аз шумори зиёде мӯшаки раҳгир дар системаи “Гунбади оҳанин” истифода кард.

Дар ин ҷанг гурӯҳҳои муқовимати Фаластин мавозеъи режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи густардаи мушакӣ қарор доданд ва сомонаи “Гунбади оҳанин” дар раҳгирии бисёре аз ин мӯшакҳо номуваффақ амал кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп