Октябр 28, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Охирин таҳаввулоти майдонии Мусил дар дувоздаҳумин рӯзи амалиёти озодсозӣ

Нерӯҳои ироқӣ дар идомаи амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ, манотиқи дигаре аз атрофи ин шаҳрро аз ишғоли террористҳо озод карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алмаёдин”-и Лубнон, нерӯҳои ироқӣ имрӯз-ҷумъа, чаҳор рустои дигарро дар ҷануби Мусил аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод карданд.

Нахустин гурӯҳ аз нерӯҳои мардумии Ироқ низ имрӯз худро ба ҷабҳаи ғарбии Мусил расонда ва барои кушодани меҳвари ғарбии озодсозии Мусил омода шуданд.

Дар ҳамин ҳол Яҳё Расулӣ, сухангӯи амалиёти муштараки Ироқ гуфт, нерӯҳои дастгоҳи мубориза бо терроризми Ироқ ба наздикии шаҳри Мусил расиданд.

Сарлашкар Наҷм Алҷабурӣ, фармондеҳи амалиёти озодсозии Найнаво низ рӯзи ҷумъа аз озодии шаҳри Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ то ҷумъаи оянда хабар дод.

Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис, ҷонишини фармондеҳи нерӯҳои мардумии Ироқ низ гуфт, нерӯҳои мардумӣ муҳимтарин ва душвортарин меҳвари амалиётиро дар набарди Мусил бо террористҳо дар ихтиёр доранд.

Дар ҳамин ҳол манобеи хабарӣ гузориш доданд, гурӯҳи такфирии ДИИШ дар шаҳри Мусил аз занону кӯдакон ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунад то бо ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои артиш ва довталабони мардумӣ ба ин шаҳр, бар шикастҳову ақибнишиниҳои ахири худ сарпӯш бигузорад.