Ҳушдори вазорати хориҷаи Фаластин дар бораи идомаи шаҳраксозии режими ишғолгари Қудс
(last modified Tue, 08 Jun 2021 12:00:38 GMT )
Июн 08, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазорати хориҷаи Фаластин дар бораи идомаи шаҳраксозии режими ишғолгари Қудс

Вазорати хориҷаи Фаластин ба режими саҳюнистӣ дар бораи тадовуми шаҳраксозӣ дар арозии фаластинӣ ҳушдор дод.

Вазорати умури хориҷаи Фаластин имрӯз (сешанбе) дар баёнияе эълом кард, режими ишғолгари Исроил ҳамчунон бар иҷрои тарҳҳо ва барномаҳои ишғолгарӣ ва тавсеъаи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Карона Бохтарӣ руди Урдун мусаммам аст ва ин иқдомоти мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ бо идомаи ҳамалот ва таҷовузгариҳои рӯзонаи ин режим ба шаҳракҳо ва рӯстоҳои Каронаи Бохтарӣ ҳамроҳ аст.

Вазорати хориҷаи Фаластин, тадовуми мустамар ва шабонарӯзии юришҳо барои сохти шаҳракҳои истиъморӣ ва саҳюнистнишин дар арозии фаластиниҳоро маҳкӯм карду афзуд, ин иқдомот бори дигар таъйид мекунад, тавсеъаи шаҳраксозӣ идомаи тарҳи майдони режими ишғолгар барои нобудӣ ва аз байн бурдани талошҳои ҷории байналмилалии барои расидан ба сулҳ аст.

Вазорати умури хориҷаи Фаластин таъкид кард, худдорӣ аз эъмоли таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Исроил, мушаввиқе барои ин режим аст то ба ғорату сирқати заминҳои фаластиниҳо ва ба чолиш кашидани иродаи байналмилалӣ барои дастёбӣ ба сулҳ, исрор варзад.

Ин дар ҳоле аст, ки тибқи қатъномаи 2334 Шӯрои амнияти Созмони милал, фаъолиятҳои шаҳраксозии режими саҳюнистӣ ғайриқонунӣ аст, бо ин вуҷӯд режими саҳюнистӣ бо тахриби манозили фаластиниён ва эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистӣ ба султаҷӯиҳои худ идома медиҳад.

 

Бештар бихонед :