Мақоми яманӣ: Сафири Англия яманиҳоро ба анҷоми иқдомоти харобкорона тарғиб мекунад
(last modified Sat, 12 Jun 2021 11:58:17 GMT )
Июн 12, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Сафири Англия яманиҳоро ба анҷоми иқдомоти харобкорона тарғиб мекунад

Муовини вазири хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, сафири Англия яманиҳоро ба анҷоми фаъолиятҳои харобкорона алайҳи ин давлат даъват кард.

Ҳусайн ал Изӣ, муовини вазири хориҷаи Давлати наҷоти миллии Яман гуфт, сафири Англия дар дидор бо мардуми Яман аз онҳо хост фаъолиятҳои харобкорнаро алайҳи давлати Санъо дар пеш бигиранд.

Вай иқдоми сафири Англияро хориҷ аз чорчӯби маъмурияти дипломатиаш донист ва таъкид кард, Англия ба хунҳое, ки дар Яман рехта басанда накарда ва ба нақши тахрибии худ дар Яман идома медиҳад, дар ҳоле, ки мардуми Яман метавонанд посухи кубанда ва қотеъ ба ниятҳои шайтонии онҳо бидиҳанд.

Аз сӯи дигар Муҳаммад ал Нақиб, сухангӯи нерӯҳои Шӯрои интиқолии ҷануб, ки аз ҳимояти Иморот бархӯрдор ҳастанд гуфт, нерӯҳои ду ташкилоти террористии Алқоида ва ДИИШ ҳаракати худро барои иҷрои бархе тарҳҳои сиёсӣ аз даруни пойгоҳҳои нерӯҳои давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ, вобаста ба Арабистони Саудӣ оғоз мекунанд.

Шӯрои интиқолии ҷануби Яман дар майи соли 2017 бо ҳимояти Иморот дар Адан шакл гирифт. Ин шӯро 25 апрел дар устони ҷанубии Адан эъломи худмухторӣ кард.

Пас аз эъломи худмухтории Шӯрои интиқолии ҷануби Яман, тақобул миёни давлати мустаъфии Мансур Ҳодӣ ва Шӯрои интиқолии ҷануб шиддат гирифтааст. Аз замони тасаллути нерӯҳои Арабистони Саудӣ ва Иморот бар шаҳрҳо ва устонҳои ҷанубии Яман, вазъияти амниятии ин манотиқ ба шиддат дучори буҳрон шудааст.

Бештар бихонед: