Июн 13, 2021 15:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳамос ба ҳамлаи лафзии вазири аморотӣ ба ҷумбишҳои муқовимат

Изҳороти вазири хориҷаи Имороти алайҳи ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бо вокуниши сухангӯи Ҳамос рӯбарӯ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳозим Қосим-сухангӯи Ҳамос имрӯз якшанбе дар сафҳаи Тветтир навишт : Таҳрики кишварҳои ғарбӣ тавассути Абдуллоҳ ибн Зоид-вазири хориҷаи Аморот барои террористӣ хондани Ҳамос бо арабгароӣ ва тамоми мафоҳими миллигароёна муғойират дорад .
Сухангӯи Ҳамос таъкид кард: Ин изҳорот ҳамгом бо таблиғоти шикастхурдаи саҳюнистҳост ва дар тақобул бо рӯйкардҳои ҳимоятгароёнаи миллатҳои араб аз муқовимати Фаластин қарор дорад .
Ибни Зоид дар гуфтугӯ бо сайти Кумитаи яҳудиёни Амрико гуфта буд,ки боиси таъассуф аст, ки бархе кишварҳои дар табақабандии

 бархе  ташкилот монанди Ҳамосизбуллоҳ ё Ихвонулмуслимин ба шеваи возеҳтар амал намекунанд .
Вазири хориҷа Аморот гуфт: Бархе давлатҳо фақат шохаи низомии як ташкилотро террористӣ меноманд ва аз шохаи сиёсии он мегузаранд ва ин дар ҳоле аст, ки тафовуте миёни онҳо вуҷуд надорад .
Пас аз онки  режими саҳюнистӣ ва Аморот дар понздаҳуми сентябри соли гузашта бо якдигар тавофуқи оддисозии равобит имзо карданд, равобити ду тараф рӯз ба рӯз дар ҳоли ошкортар шудан аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп