Июн 15, 2021 14:10 Asia/Dushanbe
  • Маросими ҳаҷҷи имсол барои дувумин соли паёпай барои ҳуҷҷоҷи дигар кишварҳо баргузор нахоҳад шуд
    Маросими ҳаҷҷи имсол барои дувумин соли паёпай барои ҳуҷҷоҷи дигар кишварҳо баргузор нахоҳад шуд

Ахиран Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки маросими ҳаҷҷи имсол низ, мисли соли гузашта, барои ҳоҷиёни дигар кишварҳо баргузор нахоҳад шуд ва ин маросим сирфан ба 60 ҳазор ҳоҷиёни дохили Арабистони Саудӣ ихтисос хоҳад ёфт.

Арабистони Саудӣ ин тасмимро дар зоҳир ба манзури ҷилавгирӣ аз интишори вируси корона рӯйи даст гирифт, аммо бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ҳаҷ ба унвони яке аз аркони аслӣ ва фарзи муҳими исломӣ, ин тасмим сирфан наметавонад ба иллати ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона бошад, балки Оли Сауд аҳдофи пинҳонеро аз чунин тасмиме дунбол мекунанд, ки дар зер ба бархе нуктаҳои марбут ба он ишора мешавад.

Нахустин нукта дар бораи ин тасмими ногаҳонии Арабистони Саудӣ ин аст, ки ин кишвар ба таври ногаҳонӣ ва бидуни иттилоъ аз авзоъ ва шароити дигар кишварҳои исломӣ ва бидуни тавваҷуҳ ва иҳтимом ба дидгоҳу назари мусулмонон дар дигар кишварҳо, чунин тасмимеро рӯйи даст мегирад.

Дар воқеъ, Арабистон бо масъалаи ҳаҷ ва ойинҳои исломӣ низ ба унвони яке аз масоили дохилии худ рафтор мекунад ва интизор дорад, ки ҳамон тавр, ки дар тасмимҳои дохилии худ мустабидонаву диктотурмаобона амал мекунад, ҳаққи тасмимгирӣ дар бораи ойинҳои беш аз як миллиард мусулмонро дар сатҳи ҷаҳон низ дорад ва касе ҳаққи эътироз надорад. Агар мақомҳои Арабистон воқеан ба нигоҳу назароти мусулмонон ва кишварҳои исломӣ тавваҷуҳ мекарданд, дар қолаби ройзаниҳои дипломатӣ ё баргузории конфронсе маҷозӣ, бо ҳузури бархе масъулони кишварҳои исломӣ, дар ин бора тасмимгирӣ мекарданд ва аз дигар кишварҳои исломӣ низ барои баргузории ин фаризаи илоҳӣ кумак мегирифтанд ва дар натиҷа барномаҳои чандмоҳаи бархе кишварҳоро дар ин бора баҳам намерехтанду умеди ҳоҷиёне, ки мунтазири сафар буданд, ба яъс табдил намекарданд. Аммо ба назар мерасад, ки чунин фаризае барои Оли Сауд дорои аҳамият нест.

Нуктаи дувум, ки баёнгари ҳадафи ниҳоии пинҳонӣ аз ин тасмими Оли Сауд аст ва ба баҳонаи корона иттихоз шуд, ин аст, ки ба назар мерасад чунин иқдоме дар чорчӯби аҳдофу барномаҳои мушаххаси Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ барои Арабистон дар қолаби “Тарҳи 2030” сурат гирифта бошад. Зеро яке аз аҳдофи эъломшудаи Арабистони Саудӣ дар ин тарҳ, иҷрои тарҳе бо унвони “Тавсеаи гардишгарии динӣ” аст. Дар воқеъ, ҳадафи аслии ин тарҳ “Ҳувиятзудоӣ” ва “қадосатзудоӣ” аз маросими ҳаҷ ба унвони яке аз ойинҳои аслии исломӣ аст. Табдил кардани маросими динии ҳаҷ аз як маросими аслии исломӣ бо мафоҳими маънавиву муқаддас, ки яке аз аркони он ба шумор меравад, ба амре сатҳӣ бо унвони “Гардишгарии динӣ”, ки табъан мусталзими тағйирот дар иҷро ва анҷоми ин маросим хоҳад буд, дар ростои аҳдофи саҳюнистӣ ва амрикоӣ аст.

Нуктаи сеюм дар бораи ин тасмим ба таҳаввулоти ҷаҳони Ислом ва рухдодҳое боз мегардад, ки дағдағаи аслии мусулмонон ба шумор меравад ва баргузории маросими ҳаҷ метавонад сабаби эҷоди фазои маҳкумият алайҳи бархе фаъолиятҳои саҳюнистҳо ва тавтеаи душманони Ислом бошад, ки бо масолеҳу муқаддасоти исломӣ муғойират дорад. Яке аз ин мавзӯҳои муҳим, мавзӯи оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо бархе кишварҳои арабӣ аст, ки баргузории маросими ҳаҷ метавонад трибуне алайҳи чунин раванде бошад, ба вижа агар маътуф ба шабакаҳову расонаҳои иҷтимоӣ бошад ва дар натиҷаи сабабсозии тақвияти ҳамгароӣ ва ҳамафзоии мусулмонон дар бораи ин масоил бошад ва дар натиҷа ба зарари аҳдофи режими саҳюнистӣ ва амрикоӣ тамом шавад ва ин тасмим дақиқан кумак ба иҷроӣ шудани чунин тавтеаҳое кумак мекунад, ки мусулмонони ҷаҳон бояд мутаваҷҷеҳи абъоду аҳдофи он бошанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп