Ҷанҷол дар порлумони режими саҳюнистӣ
(last modified Tue, 15 Jun 2021 14:05:09 GMT )
Июн 15, 2021 19:05 Asia/Dushanbe

Аъзои тарафдори Натаняҳу,  суханронии Нафтали Бенетро қатъ карданд.

Аъзои тарафдори Бинямин Натанҳу дар порлумони режими саҳюнистӣ ба Нафтали Бене эътироз карда ва суханронии ӯро ҳангоми раъйгирӣ барои кобинааш қатъ карданд.

Ҳамзамон бо суханронии Нафтали Бене дар порлумони режими саҳюнистӣ, аъзои наздик ба Натаняҳу фарёди "кулоҳбардори бешарми дуруғгӯ"-ро алайҳи вай сар доданд.