Гурӯҳҳои фаластинӣ: Роҳпаймоии “парчами саҳюнистҳо” шикаст хӯрд
(last modified Wed, 16 Jun 2021 12:52:43 GMT )
Июн 16, 2021 17:52 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳҳои фаластинӣ: Роҳпаймоии “парчами саҳюнистҳо” шикаст хӯрд

Гурӯҳҳои миллӣ ва исломии фаластинӣ эълом карданд, роҳпаймоии “парчами саҳюнистҳо” шикасти хурд.

Гурӯҳҳои миллӣ ва исломии Фаластин имрӯз, чаҳоршанбе дар баёнияе таъкид карданд, интифозаи мардуми Фаластин иҷоза надод саҳюнистҳо ба аҳдофашон барисанд ва ҳузури миллати Фаластин дар саҳнаи набард, ин пирӯзиро халқ кард.

Гурӯҳҳои миллӣ ва исломии Фаластин эълом карданд: Тағйири масири роҳпаймоии саҳюнистҳо далели равшане бар тағйироте аст, ки набарди “Шамшери Қудс” ва интифозаи миллати инқилобии Фаластин дар зеҳни саҳюнистҳо эҷод кардааст.

Гурӯҳҳои фаластинӣ изҳор доштанд: “Шамшери Қудс”, муодилаи набардро тағйир додааст ва навъе боздорандагӣ дар баробари саҳюнистҳо ба вуҷуд овардааст. Ин муқовимат буд, ки муҷиб шуд саҳюнистҳо натавонанд он гуна ки мехоҳанд роҳпаймоии парчамро баргузор кунанд.

Рӯзи сешанбе гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе таъкид карданд: Таҳти ҳеч шароите дар муқобили таарруз ба Қудс ва Масҷидулақсо сукут нахоҳанд кард ва омода ҳастанд ба он вокуниш нишон диҳанд.

Садҳо шаҳракнишини саҳюнист рӯзи сешанбе дар роҳпаймоии таҳрикомез дар Қудси ишғолӣ, мавсум ба “роҳпаймоии парчам” ширкат карданд ва ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ ба минтақаи Бобуломуд, яке аз дарҳои вурудӣ ба бахши қадимии шаҳри Қудс юриши бурданд ва пас аз он ба самти девори Албуроқ ҳаракат карданд.

Фаластиниён низ дар вокуниш ба роҳпаймоии саҳюнистҳо, тазоҳуротеро дар Байтуллаҳм ва навори Ғазза баргузор карданд, ки низомиёни саҳюнист бо юриш ба фаластиниҳо, даҳҳо тан аз онҳоро захмӣ карданд.

 

Бештар бихонед: