Ҳамлаи мушакӣ ба мавқеъҳои ишғолгарони амрикоӣ дар Сурия
Мавқеъҳои нерӯҳои ишғолгари Амрико дар канори "Ал-Ҳаска" дар Сурия ҳадафи мушак қарор гирифтанд.
Пойгоҳи хабарии Собирин нюз эълом кард, имрӯз бомдоди душанбе, чанд мушак ба мавозеъи нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ дар пойгоҳи «Аш-шаддодӣ » дар канори "Ал-Ҳаска" дар шимоли шарқи Сурия тирандозӣ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифта ва аз мизони хисорот ва талафоти эҳтимолии он хабаре дарёфт нашудааст.
Манобеи матлаъи рӯзи гузашта низ аз интиқоли шуморе аз аносури террористии ДИИШ дар бандаи курдҳои Сурия ба пойгоҳи Аш-Шадоди Амрико хабар доданд.
Ин манобеъ афзуданд, Амрико ин аносури террористиро ба пойгоҳи худ мунтақил кардааст, то тавассути нерӯҳои иттилоотии Вашингтон омӯзиш бубинанд.
Ба гуфтаи манобеи мазкур, Амрико дар садади омӯзиш ва истифода аз ин аносури террористӣ барои анҷоми ҳамалот алайҳи нерӯҳои артиши Сурия ва Русия ва ҳамчунин манотиқи маскунӣ ва ҳаётии Сурия аст.
Бар хилофи иддаоҳои матраҳшуда, натанҳо ҳузури низомии амрикоиҳо ва таъсиси пойгоҳи онҳо дар кишварҳои минтақа суботофаринӣ набуда, балки мӯҷиби ташдиди таниш, бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа шудааст.
Низомиёни Амрико ва аносури террористии вобаста ба онҳо муддатҳост, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар шимолу шарқи Сурия ҳузур доранд ва илова бар ғорати манобеи нафтӣ ва низ гандуми ин кишвар, иқдомотеро алайҳи сокинон ва нерӯҳои сурӣ дар ин манотиқ анҷом медиҳанд.