Октябр 31, 2016 13:23 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Дуруғпардозии саудиҳо нишонаи шикасти онон аст

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман иддаои Арабистони Саудиро дар бораи шиллики мушак аз сӯи Яман ба Маккаи мукаррама, нишонаи шикасти дарунии эътилофи Арабистон ва муттаҳидонаш донист.

Ба иттилои шабакаи Алмасира, Солеҳ Алсамод шомгоҳи якшанбе дар вокуниш ба хабарсозиҳои Арабистон алайҳи размандагони яманӣ гуфт: Иддаои дуруғи ҳамлаи мушакии яманиҳо ба Макка нишондиҳандаи шикасти дарунии эътилофи Арабистон аст ва Амрико, Исроил ва муттаҳидони онҳо, ки хуни зоирони Байтуллоҳулҳаромро мерезанд, хатари воқеӣ барои Макка ва муқаддасоти ислом ҳастанд .

Алсамод афзуд: Мушакҳои Яман Маккаро ҳадаф қарор намедиҳад, зеро Макка барои яманиҳо азизтар аз ҷону молашон аст .

Вай таъкид кард, ҷанги расонаии эътилофи амрикоӣ-Саудӣ, ки бар дуруғу найранг муттакӣ аст, шикаст хурда ва бо ин иқдомот наметавонанд бар ҷиноятҳои ошкори саудиҳо дар Яман сарпуш бигузоранд .

Гуфтанист, размандагони яманӣ рӯзи панҷшанбеи як мушаки баллистикро ба Фурӯдгоҳи Ҷидда шиллик карданд, аммо саудиҳо бо фазосозии расонаӣ муддаӣ шуданд, ки ҳадафи яманиҳо Макка будааст .