Июн 27, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии нерӯҳои яманӣ ба Наҷрон ва Хамис Машити Арабистон

Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ дар Наҷрон ва Хамис Машити Арабистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Турки Алмоликӣ-сухангӯи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ бомдоди якшанбе эълом кард: Як паҳподи инфиҷорӣ тавассути нерӯҳои яманӣ ба самти Наҷрон-воқеъ дар ҷануби Арабистони саъудӣ шиллик шудааст .
Расонаҳои саъудӣ соъати баъд ба нақл аз сухангӯӣ эътилоф навиштанд, ки як паҳподи дигар низ тавассути яманиҳо ба самти Хамис Машити Арабистон партоб шудааст.
Ба навиштаи шабакаи Скай ниюс,  эътилофи саъудӣ, ки борҳо филми нотавонӣ ва иштибоҳи хандаовари сомонаҳои падофандии онҳо дар раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ мунташир шуда, муддаӣ шуд ин мушакҳоро раҳгирӣ кардааст .
Ҳафтаи пеш сухангӯи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ эълом кард 17  паҳподи инфиҷории мутаъаллиқ ба нерӯҳои Яман ба аҳдофе дар Арабистони саъудӣ ҳамла карданд.



Бештар бихонед:

 

Барчасп