Озодии асири фаластинӣ баъд аз ҳудуди як моҳ гуруснанишинӣ
Режими ишғолгари Қудс қарор аст Шайх Хизр Аднон, асири фаластинӣ ва аз раҳбарони ҷумбиши Ҷиҳоди исломиро баъд аз ҳудуди як моҳ гуруснанишинӣ озод кунад.
Ҷавод Болс, вакили бошгоҳи усарои фаластинӣ гуфт, тибқи ҷаласаи додгоҳ, ки ҳафтаи гузашта бо ҳузури Шайх Хизр Аднон баргузор шуд, додситони низомии режими ишғолгар эълом кард, боздошти идории ӯ тамдид нахоҳад шуд ва Аднон имрӯз, душанбе озод мешавад.
Шайх Хизр Аднон, аз раҳбарони ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҳудуди як моҳи пеш дар зиндони режими саҳюнистӣ даст ба эътисоби ғизо задааст.
Ин дувоздаҳумин боре аст, ки Аднон аз сӯйи низомиёни артиши режими саҳюнистӣ боздошт мешавад, вай чандин мартаба ҳам даст ба эътисоби ғизо зада ва ҳар бор созмони зиндонҳои саҳюнистиро таслими азму иродаи пӯлодини худ кардааст.
Шайх Хизр Аднон дар маҷмуъ то кунун ҳудуди ҳашт сол дар зиндонҳои саҳюнистҳо асир будааст.
Охирин боздошти қаблии Аднон марбут ба дуюним соли пеш мешавад, ки пас аз эътисоби ғизои 58 рӯза дар дохили зиндон, дар таърихи 13 ноябри 2018 озод шуд.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фаластин тамом хоҳад шуд
- Эътирофи расонаҳои саҳюнистӣ ба шикасти Натанёҳу дар баробари Эрон