Вокуниши Ҷабҳаи мардумии озодии Фаластин ба ифтитоҳи сафорати Исроил дар Иморот
(last modified Wed, 30 Jun 2021 12:37:22 GMT )
Июн 30, 2021 17:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҷабҳаи мардумии озодии Фаластин ба ифтитоҳи сафорати Исроил дар Иморот

Ҷабҳаи мардумии озодии Фаластин таъкид кард, ифтитоҳи сафорати режими саҳюнистӣ дар Иморот, ҳимоят аз режими ишғолгар ва душманӣ алайҳи миллати Фаластин аст.

Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дар вокуниш ба ифтитоҳи сафорати режими саҳюнистӣ дар Иморот, бо судури баёнияе эълом кард, ин иқдоми Исроил, ки ҳамзамон бо тахриби манозил ва оворагии сокинони маҳаллаи Силвон дар шаҳри Қудси ишғолӣ сурат гирифт, нишондиҳандаи ҷойгоҳи мутаноқизи мақомоти Иморот бо манофеи уммати арабӣ ва Фаластин аст.

Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дар ин баёния тасреҳ кард: Миллати араб дар Иморот ва халиҷи Форс алайҳи сиёсатҳои давлати Иморот ва системаҳои марбут ба оддисозии равобит иқдом карда ва бо он муқобила хоҳад кард.

Яир Лапид, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дирӯз дар сафаре расмӣ барои ифтитоҳи сафорати Исроил дар Иморот, ба Абузаби рафт.

Абузаби ва Тел-Авив аз замони барқарории оддисозии равобит дар сентябри 2020, ки бо ҳимояти давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико анҷом шуд, парвозҳои мустақиме эҷод ва сафирони худро табодул карданд.

 

Бештар бихонед: