Июл 08, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
  • Артиши режими саҳюнистӣ манзили маскӯнии як фаластинии дигарро вайрон кард

Артиши режими саҳюнистии манзили маскӯнии як фаластинии дигарро вайрон кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни саҳюнист рӯзи панҷшанбе манзили маскӯнии як фаластинии муттаҳам ба нақш доштан дар як ҳамлаи маргбор ба исроилиҳо дар Каронаи бохтариро вайрон карданд .
Тасовири видеоӣ, ки APTN мунташир кардааст , нишон медиҳад низомиёни исроилӣ дар манзили маскӯнии дутабақа Мунтасир Шалабӣ дар рӯстои Турмусоё маводи мунфаҷираи контрол аз роҳи дур кор гузошта  буданд .
Бар асоси ин гузориш Шалаби дар дувуми моҳи маҳ ҳангоми ронандагӣ ба самти исроилиҳо дар Каронаи бохтарии ишғолӣ шиллик кардааст, ки бар асари он як саҳюнист кушта шуда ва ду нафари дигар захмӣ шуданд . Ӯ чанд рӯз пас аз ин ҳамла боздошт шуд .
Додгоҳи олии Исроил ҳукми тахриби ин манзили маскуниро, ки моҳи гузашта содир шуда буд, тайид кард .
Мақомоти саҳюнист муътақиданд ин тахрибҳо аз ҳамалоти оянда ҷилавгирӣ мекунанд . Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башарии ин сиёсатро навъе муҷозоти ҷамъӣ қаламдод мекунанд .


Бештар бихонед :

 

Барчасп