Июл 11, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи алании Алқоида ба ҳамроҳӣ бо эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман

Алқоида бо судури баёнияе эътироф кард, дар ҷанг дар маркази Яман дар канори эътилофи Саудӣ алайҳи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ ҷангидааст.

Ба гузориши Форс, пас аз интишори гузоришҳои бисёре мабнӣ бар кумак гирифтани эътилофи Саудӣ аз аносури гурӯҳаки террористии Алқоида дар ҷанги Яман, ин гурӯҳак бо интишори баёнияе ба ин ҳамроҳӣ изъон кард.

Алқоида дар ин баёния эълом кард, дар ҷанг дар Алсумаа ва Алзоҳир дар устони Албайзо, маркази Яман канори нерӯҳои эътилофи Саудӣ будааст.

Абдулмалик Алъаҷрӣ, узви тими музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман низ эълом кард, Амрико дар канори ДИИШ ва Алқоида меҷангад, вале касе дар ин бора сухане намегӯяд ҳамонгуна, ки Алқоида дар манотиқи Албайзо ва Таиз ва чанд минтақаи дигар, дар канори нерӯҳои мутаҷовизи Саудӣ ҷангид, вале Амрико бар ин масъала сарпуш мегузорад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп