Тахриби осори бостонии Фаластин
Мақомоти режими саҳюнистӣ бузургтарин қабристони канъониҳо дар Фаластин, воқеъ дар минтақаи Ал-Хизр, дар ҷануби Байтуллаҳмро тахриб карданд.
Ба гузориши шабакаи “Алолам”, Ҳасан Бариҷия, мудири дафтари ҳайати муқобила бо бунёди девору шаҳраксозӣ гуфт: Саҳюнистҳо ин қабристонро ба баҳонаи таъриз ё густариш ба хиёбонҳои шумораи 60 ҳадди фосили Қудс ва Ал-Халил, ки ҳудуди 4 гектар аст, тахриб карданд.
Мудири дафтари ҳайати муқобила бо эҳдоси девор ва шаҳраксозӣ афзуд: Ин иқдом бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, таҷовузи ошкоре ба осори бостонии Фаластин ва ҷинояти ҷангӣ дар ҳаққи мардум ва таърихи Фаластин аст.
Густариши хиёбони 60 аз моҳҳо пеш оғоз шудааст, ки барои иҷрои он саҳюнистҳо ҳазорон гектар аз заминҳои Байтуллаҳм ва Ал-Халил, Аннафақ дар шимол то Ҷабалуннаби Юнус дар ҷанубро мусодира карданд.
Тахриби осори бостонии фаластиниён низ аз ҷумлаи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии комили сарзаминҳои фаластинӣ аст. Масҷидуоақсо, Масҷиди қуббаи Ассахра, Девори Албуроқ ва килисои Растохез аз ҷумлаи ин осори таърихӣ ҳастанд.
Бештар бихонед: