Тарҳи худмухторӣ; Тавтеаи мухолифон алайҳи низоми Сурия
(last modified Sat, 24 Jul 2021 11:08:54 GMT )
Июл 24, 2021 16:08 Asia/Dushanbe
  • Шибҳи низомиёни курд дар шимоли шарқи Сурия бо ҳимояти Амрико, худмухториро пайгирӣ мекунанд
    Шибҳи низомиёни курд дар шимоли шарқи Сурия бо ҳимояти Амрико, худмухториро пайгирӣ мекунанд

Вазорати хориҷаи Сурия дар баёнияе эълом кард, ончӣ «давлати худмухтор» номида мешавад, сирфан тарҳе барои тазъифи Сурия аст.

Сурия аз соли 2011 шоҳиди ҷанги низомии ин кишвар бо гурӯҳҳои террористӣ аст, гурӯҳҳое, ки аз атбои беш аз 100 кишвар узв доранду таҳти ҳимояти қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ ҳастанд. Ҳадафи аслии ин ҷанг барандозии низоми Сурия буд, аммо пас аз як даҳа на танҳо ин ҳадаф муҳаққақ нашуд, балки низоми Сурия дасти бартарро дар таҳаввулоти майдонӣ дорад ва танҳо дарсади андаке аз ҷуғрофиёи ин кишвар дар Идлиб ва шимоли шарқи Сурия дар ихтиёри гурӯҳҳои террористӣ ва шибҳи низомиён қарор дорад. Ахиран низ дар моҳи майи 2021 интихоботи раёсатҷумҳурии Сурия баргузор шуд ва Башор Асад бо касби беш аз 95 дарсади оро барои муддати 7 соли дигар курсии раёсатҷумҳуриро дар ихтиёр гирифт.

Бо тавваҷуҳ ба инки дар арсаи майдонӣ, низоми Сурия дасти бартарро дорад. мухолифон ба саҳнаи сиёсӣ барои зарба задан ба Димишқ рӯй овардаанд. Дар саҳнаи сиёсӣ, яке аз тарҳҳое, ки аз сӯи мухолифон пайгирӣ мешавад, худмухторӣ дар бархе манотиқи ин кишвар, аз ҷумла дар манотиқи шимолу шимоли шарқии ин кишвар аст. Шибҳи низомиёни курд дар шимоли шарқи Сурия бо ҳимояти Амрико, худмухториро пайгирӣ мекунанд ва хостори модели федероли минтақаи Курдистони Ироқ дар Сурия ҳастанд.

Мазлум Абдӣ, аз фармондеҳони нерӯҳои шибҳи низомиёни нерӯҳои демократии Сурия (Syrian Democratic Forces) мавсӯм ба ( ҚАСД) борҳо матраҳ кард, ки вазъияти Сурия наметавонанд монанди вазъияти соли 2011 бошад, балки бояд дар ҳукумати Сурия нақши бештаре ба курдҳо дода шавад.

Шибҳи низомиён курд барои расидан ба худмухторӣ, манобеи энержӣ дар манотиқи шимоли шарқии Сурияро тасоҳуб карда ва бо қочоқи нафти ин кишвар, саъй доранд манобеи молии худмухтории худро низ таъмин кунанд ва дар ин масир аз ҳимояти давлати Амрико ва бархе давлатҳои аврупоӣ низ бархӯрдор ҳастанд. Дар ҳамин росто Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар Қасри Елисей бо ҳайате аз намояндагони идораи худмухтори курд дидор кард.

Бриван Холид, яке аз масъӯлони идораи худмухтор, ки дар ин нишаст мушорикат дошт, хотирнишон кард, дар ин нишаст гуфтугӯ ба сӯрати вижа бар «ҳимояти Фаронса аз ба расмият шинохтани идораи худмухтори курд тавассути ҷомеъаи ҷаҳонӣ» мутамарказ буд. Вазорати хориҷаи Сурия ҳам эълом кард, гурӯҳҳое, ки хостори ташкили «давлати худмухтор» дар минтақаи шимоли шарқи Сурия ҳастанд дар бархе кишварҳои ғарбӣ рафту омад мекунанд то тарҳҳои ҷудоиталабонаашонро таблиғ кунанд.

Тазъифи ҳокимияти Сурия беш аз ҳама ба нафъи режими саҳюнистӣ аст. Аз як сӯ, Сурия бо арозии ишғолии марзи муштарак ва ҳамчунин ихтилофҳои ҷуғрофиёӣ дорад ва аз сӯи дигар Сурия, кишвари узви меҳвари муқовимат аст ва тазъифи ҳокимияти ин кишвар, бо ҳадафи осеб задан ба меҳвари муқовимат пайгирӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, эҷоди давлати худмухтор ё низоми федерол дар шимоли шарқии Сурия дар дарозмуддат ҳам барои тамомияти арзии ин кишвар як таҳдид маҳсӯб мешавад. Аз ин рӯ, вазорати хориҷаи Сурия эълом кард, матраҳ кардани тарҳи худмухторӣ аз сӯи шибҳи низомиён, тавтеае аст, ки ҷудоиталабон бо ҳимояти қудратҳои ғарбӣ ба хусӯс Амрико дар дастури кор қарор доданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: