Июл 25, 2021 18:42 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ тасреҳ кард, Бағдод ба нерӯҳои низомии Амрико барои мубориза бо ДИИШ ниёзе надорад.
    Нахуствазири Ироқ тасреҳ кард, Бағдод ба нерӯҳои низомии Амрико барои мубориза бо ДИИШ ниёзе надорад.

Нахуствазири Ироқ тасреҳ кард, Бағдод ба нерӯҳои низомии Амрико барои мубориза бо ДИИШ ниёзе надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Мустафои ал-Козимӣ » нахуствазири Ироқ, ки озими Амрико шудааст, имрӯз якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории амрикоии Ассошиатед Пресс, бидуни ин ки чорчӯби замонӣ барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ироа кунад, гуфт чорчӯби расмӣ барои истиқрори муҷаддади нерӯҳои амрикоӣ ба бароянди гуфтугӯ бо мақомҳои амрикоӣ бастагӣ дорад.

Ал-Козимӣ дар посух ба саволе дар хусуси эҳтимоли тағйири корбарии ҳузури Амрико дар Ироқ гуфт, Бағдод барои омӯзиш ва ҷамъоварии иттилооти низомӣ аз Амрико  дархости ҳамкорӣ хоҳад кард.

Нахуствазири Ироқ тасреҳ кард, нерӯҳои амниятӣ ва артиши Ироқ қобилият доранд бидуни низомиёни эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз кишвари худ дифо кунанд.

Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, Ва-Козимӣ қасд дорад фардо  душанбе бо « Ҷо Байден » раиси ҷумҳури Амрико дар хусуси масоили роҳбурдӣ гуфтугӯ кунад.

Байден ва Ал-Козимӣ дар нишасти рӯзи душанбеи худ дар Кохи Сафед дар садад ҳастанд, ки ҷадвали замониро барои тағйири корбарии ҳузури Амрико дар хоки Ироқ мушаххас кунанд.

Бар асоси ин гузориш, Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ дар моҳи апрел тавофуқ карданд, ки маъмурияти Амрико дар Ироқи манут ба омӯзиш ва мушовира ва ба мафҳуми поёни нақши размии Амрико дар Ироқ аст, аммо ҳеч ҷадвали замонӣ барои такмили ин гузор ироа надоданд.

Барчасп