Юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба Масҷид ул Ақсо
Шарҳракнишинони режими саҳюнистӣ бори дигар дар сояи ҳимояти полиси ин режим ба Масҷид ул Ақсо юриш бурданд.
Ба гузориши Фаластин Ал Явм, шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ алайҳи муқаддасоти фаластиниҳо имрӯз сешанбе Масҷидулақсоро мавриди тааррузи ваҳшиёнаи худ қарор доданд.
Шаҳракнишинон саҳюнист пас аз юриш ба саҳнҳои Масҷидулақсо иқдом ба сар додани шиорҳои зиддиисломӣ карданд, ба дунболи юриши саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ даргирии шадиде иттифоқ афтод.
Ин иттифоқ дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои муқовимати Фаластин пеш аз ин ба низомиён ва шаҳракнишинони режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳар гуна тааррузи муҷаддад ба Масҷид ул Ақсо ҳушдора ва эълом кардаанд, ҳамчун набарди “шамшири Қудс”, аз ин пас низ нидои муқадасотро барои ҳадаф қарор додани мавозеи Исроил, лаббайк хоҳанд гуфт.
Шаҳракнишинон саҳюнист чанде пеш шаҳраки Ҷабали Сабиҳ воқеъ дар минтақаи Бито дар Каронаи Бохтариро ба манзури шаҳраксозӣ ба ишғоли худ дароварданд, аммо фаластиниён бо баргузории тазоҳуроти густарда ва даргирӣ бо саҳюнистҳо, онҳоро водор ба хурӯҷ аз ин минтақа карданд.
Бештар бихонед:
- Роҳпаймоии таҳрикомези шаҳракнишинони саҳюнист дар Қудси ишғолӣ
- Холид Машъал: муқовимат медонад, ки чигуна асирони худро аз банди саҳюнистҳо озод кунад