Август 04, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзии густарда дар ғарби Қудси ишғолӣ

Расонаҳои ибризабон аз вуқуъи оташсӯзии густарда дар минтақае дар ғарби Қудси ишғолии ғарбӣ хабар доданд.

Ин оташсӯзӣ дар минтақа саҳюнистнишини вурудии ғарбии шаҳри Қудси ишғолӣ ва дар арозии рустои Дайр Ёсини Фаластин рух додааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, оташсӯзӣ аз асри рӯзи сешанбе дар ин маҳалла шурӯ шуда ва бо вуҷӯди эъзоми панҷ тими оташнишонӣ барои маҳори он, ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ аст ва тарс аз густариши шуълаҳои оташ ба махозини сӯхт дар корхонаҳои атрофи он вуҷуд дорад.

Бар асоси ин гузориш, ин сеюмин оташсӯзӣ аст, ки аз рӯзи гузашта (сешанбе) дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин рух додааст.

Манобеи ибрӣ пеш аз ин аз вуқуъи як оташсӯзии дигар дар минтақаи ҷангалии ҷодаи якум дар наздикии Қудси ишғолӣ хабар дода буданд.

Вебгоҳи хабарии шабакаи саҳюнистии «Макон» низ рӯзи гузашта дар гузорише эълом кард, понздаҳ ҳавопаймо ва чанд гурӯҳи оташнишонӣ дар талош барои хомӯш кардани оташи бузурге ҳастанд, ки дар арозии ишғолӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Бештар бихонед:

Барчасп