Сеюмин ҳамла ба корвони низомиёни Амрико дар Ироқ
Манобеи огоҳ аз ҳадаф қарор гирифтани сеюмин корвони пуштибонии низомии артиши Амрико дар пойтахти Ироқ хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабкаи Алолам, якшанбе сеюмин ҳамла ба корвони эътилофи амрикоӣ дар шаҳри Бағдод анҷом шуд. Ҳануз мухтасоти дақиқу ҷузъиёте аз талафот ё хисороти эҳтимолии он эълом нашудааст .
Аввалӣн ҳамлаи дирӯз ба корвони низомиёни амрикоӣ дар устони Зиқори Ироқ бо бомби канори ҷодаӣ рух дод ва ба фосилаи ду соъат пас аз он дувумин ҳамла дар устони Бобули Ироқ рӯй дод .
Бархе расонаҳои ироқӣ мегӯянд гурӯҳи мавсӯм ба « Сароё Қосим ал-Ҷабборин » масъӯлияти ҳамлаи сеюмро пазируфта ва эълом карда тасовири ин амалиётҳо ба зӯдӣ мунташир мешавад .
Дар тӯли соли ҷории милодӣ даҳҳо мавриди ҳамла бо бомби канори ҷодаӣ ба корвонҳои эътилофи амрикоӣ дар Ироқ гузориш шудааст .
Гурӯҳҳои зиддиишғолгарии Ироқ эълом карданд, то замоне ки кишварашон дар ишғоли Амрико бошад ба ҳамалоти худ идома хоҳанд дод .
Бештар бихонед :
- Парлумони Ироқ: Низомиёни амрикоӣ бояд аз Ироқ хориҷ шаванд
-
Вазорати дифои Ироқ ; хуруҷи Амрико аз пойгоҳҳо таъситре дар амнияти Ироқ надорад.