Эътисоби ғизои 14 асири фаластинӣ
14 асири фаластинӣ дар эътироз ба боздошти идории режими саҳюнистӣ даст ба эътисоби ғизо заданд.
Ба гузориши Ал Маёдин, 13 тан аз ин асирони фаластинӣ дар эътироз ба боздошти идорӣ ва як нафар аз онҳо ба хотири боздошт дар утоқи ҷудогона иқдом ба эътисоби ғизо кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, хонаводаи Муҷоҳид Ҳомид, яке аз зиндониёни эътисобкунандаи ғизо ба ҳамроҳи даҳҳо тани дигар аз хонаводаҳои асирони фаластинӣ дар ҳимоят аз фарзандонашон дар мақари Салиби Сурх дар шаҳри Ал Бира таҷаммуъ карданд.
Ба гуфтаи хонаводаҳои ин асирони фаластинӣ, зиндониёни эътисобкунанда дар вазъи саломатии бисёр баде қарор доранд ва масъулони зиндон, асиронеро, ки эътисоби ғизо мекунанд бо қарор додан дар утоқҳои ҷудогона ё маҳрӯм кардан аз мулоқот ё тамос бо хонаводаяшон муҷозот мекунад.
Ҳалми Ал Аъраҷ, мудири муассисаи ҳуқуқии Ҳарёт (озодиҳо) гуфт, боздошти идории иқдоме худсарона ва мухолифи қонуни байналмилалӣ ва башардӯстонааст ва дар ҳадди ҷинояти ҷангӣ мебошад, чаро ки боиси шиканҷаи рӯҳии асирон дар банд ва хонаводаашон мешавад.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фаластин тамом хоҳад шуд
- Қадрдонии сафири Фаластин дар Теҳрон аз рӯйкарди раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ нисбат ба Фаластин