Август 29, 2021 09:24 Asia/Dushanbe
  • Идомаи поймолсозии оташбас дар Алҳудайдаи Яман

Эътилофи саъӯдӣ 326 навбат оташбас дар устони Алҳудайда, дар ғарби Яманро поймол кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, ҳамалоти эътилофи саъӯдӣ ба Яман дар рӯзҳои гузашта шомили парвози 13 паҳподи ҷосусӣ бар фарози " Алфоза ", " Алдариҳмӣ " , " Алтҳито " ва " Алҷоҳ " ва ҳамалоти тӯпхонаӣ ва гулӯлаборони манотиқи мухталифи Алҳудайдаи будааст . Ахиран ҳамалоти эътилофи саъӯдӣ ба манотиқи мухталифи Яман  афзоиш ёфтааст ва дар муқобил неруҳои яманӣ низ манотиқе дар хоки Арабистонро ҳадаф қарор медиҳанд. Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст . Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳи ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп