Ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ Яманро бомбаборон карданд
(last modified Sun, 05 Sep 2021 04:38:55 GMT )
Сентябр 05, 2021 09:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ Яманро бомбаборон карданд

Ҷанганда-бомбафканҳои эътилофи саъӯдӣ таи соъоти гузашта манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, ҷангандаҳои эътилофи саъӯдӣ бомдоди якшанбе шаҳристонҳои Зоҳир, Маҷз ва минтақаи Албақеъ, воқеъ дар устони Саъдаи шимоли Яман ва ҳамчунин минтақаи Алсавдояи устони Бизои ин кишварро бомбаборон карданд .

Аз сӯи дигар дар идомаи нақзи оташбаси устони Алҳудайда, воқеъ дар ғарби Яман неруҳои вобаста ба эътилофи саъӯдӣ таи 24 соъати гузашта 298 бор ин оташбасро нақз карданд .

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз ҳафдаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .

 

Бештар бихонед :