Октябр 01, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти артиши Сурия алайҳи террористҳои ДИИШ дар наздики Идлиб

Неруҳои артиши Сурия бо анҷоми амалиёте густарда мавозеи террористҳои такфирии ДИИШ - ро дар ҳумаи устони Идлиб дарҳам кӯбиданд.

Ба гузориши хабаргузории Соно, неруҳои артиши Сурия ҷумъа амалиёти ҷадидеро алайҳи террористҳо дар устони Идлиб, дар шимоли ғарби ин кишвар анҷом доданд.

Дар ин амалиёт тӯпхонаҳои артиши Сурия мавозеи террористҳоро дар манотиқи Сафуҳун, Алфатира ва Канасфара ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи ин ҳамалот шуморе аз террористҳои ДИИШ захмӣ шуданд.

Манобеи расонаӣ рӯзи гузашта низ аз куштаву захмӣ шудани 11 террорист дар ҳумаи устони Алҳасака, дар шимоли шарқи Сурия хабар доданд.

Сурия дар солҳои ахир шоҳиди ҷанги дохилӣ ва ҳузури гуруҳҳои террористии ҳимоятшуда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ - арабӣ буда, ки то кунун садҳо ҳазор кушта ва миллионҳо нафар овора дар дохилу хориҷи ин кишвар ба ҷо гузоштааст.

 

Барчасп