Наим Қосим : Ташкили давлат ва шикасти муҳосираи Лубнон, дастоварди калидӣ аст
(last modified 2021-10-06T08:02:15+00:00 )
Октябр 06, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Наим Қосим : Ташкили давлат ва шикасти муҳосираи Лубнон, дастоварди калидӣ аст

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ ташкили давлат ва шикастани муҳосираи кишварашро ду дастоварди калидӣ барои Лубнон донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алманор, шайх Наим Қосим-муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне тасреҳ кард : Ташкили давлат ҳарчанд бо таъхир анҷом шуд, иқдоми муҳим барои муқовимату Лубнон буд ва дар канори он шикаста шудани муҳосираи кишвар аз сӯи Амрико, ки ба юмни мавзеи собиту шуҷоъонаи Ҳизбуллоҳ, воридоти солиярка аз Эрон сурат гирифт, Амрикоро ногузир кард, то барои тағйири бархе тарҳҳои худ шитоб кунад .


Наим Қосим афзуд : Амрико ба дур аз ахлоқу инсоният ва ба дур аз ҳаққу адолат амал мекунад, ҳатто агар ба куштани кӯдакон, занону солхурдагон мунҷар шавад ва мо ин мавзӯро дар Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва манотиқи мухталиф мушоҳида кардем.
Шайхи Наим Қосим таъкид кард : Ҳизбуллоҳ диктаҳоеро, ки боиси тасбити тарҳи Исроил дар минтақа ва мухтал кардани истиқлол, озодӣ ва тасбити ишғолгарӣ шавад, намепазирад ва қавию муҳкам дар баробари тамоми чолишҳо дар тамомии сутӯҳи низомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ истодааст .
Ин мақоми Ҳизбуллоҳ ҳамчунин изҳор кард : Давлати Лубнон метавонад дар 2 масири аслӣ, яъне масири наҷоту ислоҳот ва масири омодасозии шароит барои баргузории саривақтии интихоботи порлумонӣ талош кунад ва тамоми тавони худро барои коҳиши дарду ранҷ ва мушкилоти мардум ба кор бандад .

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи равобити кишвараш бо Сурия низ гуфт : Қонӯни асосӣ барои равобити вижаи Лубнону Сурияи тамоюз қоил шудааст, аммо бархе масъӯлон ба далели мушкили таҳримҳои Амрико бо иҷро накардани Қонӯни асосӣ онро нақз мекунанд; дар ҳоле ки ин афрод барои барои маслиҳати Лубнон бояд хостаҳои худро матраҳ карда ва мунтазир набошанд, ки Амрико ба онҳо миннате бигузорад .

 

Барчасп