Тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти 10 ҳазор воҳиди шаҳракӣ дар Қудси ишғолӣ
(last modified Wed, 06 Oct 2021 13:53:54 GMT )
Октябр 06, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти 10 ҳазор воҳиди шаҳракӣ дар Қудси ишғолӣ

Режими саҳюнистӣ бо тавсеаи шаҳраксозӣ, дар ҳоли сохти 10 ҳазор воҳиди маскунӣ дар шарқи Қудси ишғолӣ аст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии хабаргузории Анатолия, Халил Тафкчӣ, мудири бахши нақша дар анҷумани мутолеоти арабӣ эълом кард, режими Исроил ба дунболи эҷоди шаҳраки саҳюнистии комилан ҷадид аст, ки аксари бахшҳои он дар замини фурудгоҳи Қудс ё маҳалле, ки ба он фурудгоҳи Қаландиё мегӯянд, воқеъ шудаанд.

Вай таъкид кард, фурудгоҳ ва заминҳои он дар замине ба масоҳати 1200 дунам (ҳар як дунам нуҳсад метри мураббаъ аст) қарор дорад, ки тарҳи шаҳраки ҷадид дар замине ба вусъати 900 дунам иҷро хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, созмони саҳюнистии “Сулҳ акнун” дар гузорише эълом кард, мақомоти режими саҳюнистӣ бештарин масоҳати ин арозиро ба унвони замини давлатӣ дар назар гирифтанд ва ин ба Исроил иҷоза медиҳад то шаҳракро бидуни мусодираи замин аз моликони фаластинии он бисозад.

Режими Исроил бо эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

 

Барчасп