Октябр 17, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти паҳподии неруҳои яманӣ ба хоки Арабистон

Эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ аз амалиёти паҳподии неруҳои яманӣ ба хоки Арабистони саъӯдӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистони саъӯдӣ, эътилофи саъӯдӣ шанбешаб эълом кард ду паҳподи марбут ба неруҳои Яман вориди ҳарими ҳавои Арабистони саъӯдӣ шудааст .
Эътилофи саъӯдӣ муддаӣ шуд ки падофанди ҳавоии Арабистон ин ду паҳподи неруҳои Яманиро раҳгирӣ ва нобуд кардааст .
Ин дар ҳоле аст, ки бархе манобеъ аз шунида шудани садои инфиҷорҳои шадиди ношӣ аз ҳамлаи ҳавоӣ дар минтақаи Ҷизон-воқеъ дар ҷануби Арабистон хабар доданд .
Неруҳои яманӣ то кунун вокунише ба иддаоҳои эътилофи саъӯдӣ нишон надоданд .
Арабистон бо ҳимояти Амрикоморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .
Режими саъӯдӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар ( ба қудрати расондани дастнишондагони худ ) бирасанд .

 

Барчасп