Ҷабҳаи Маъриб: Заработи сангини неруҳои яманӣ ба эътилофи Саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i75726-Ҷабҳаи_Маъриб_Заработи_сангини_неруҳои_яманӣ_ба_эътилофи_Саудӣ
Набарди сангин миёни неруҳои мардумӣ ва ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман бо афроди вобаста ба эътилофи Саудӣ дар Ҷабҳаи Маъриб идома дорад.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Октябр 20, 2021 09:57 Asia/Dushanbe

Набарди сангин миёни неруҳои мардумӣ ва ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман бо афроди вобаста ба эътилофи Саудӣ дар Ҷабҳаи Маъриб идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, неруҳои мардумӣ ва ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман тайи ду рӯзи гузашта дар Ҷабҳаи Маъриб талафоти моливу ҷонии сангине ба неруҳои вобаста ба эътилофи Саудӣ ворид ва ҳамчунин паҳподи саудиро мунҳадим карданд.

Ба гуфтаи сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, дар ду рӯзи гузашта минтақае ба вусъати 3200 километр дар Ҷабҳаи Маъриб аз ҳузури неруҳои низомии вобаста ба эътилофи Саудӣ озод шудааст.